Сафари 331 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик ба Русия таи 10 моҳи соли ҷорӣ
Муовини вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кард: Таи 10 моҳи соли ҷорӣ 331 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия сафар карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТАСС, Шаҳноза Нодирӣ гуфт : Бештарин афрод шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Иркутск, Чита, Ростов ва Новосибирскро барои кор интихоб кардаанд . Вай афзуд : Албатта ин омор шомили афроде намешавад, ки ба далели арзон будани қимати билети ҳавопаймо аз фурудгоҳҳои Узбекистон ба Русия рафтаанд .
Мақомоти Вазорати дохилаи Русия низ эълом кардаанд: Дар ин кишвар ба таври расмӣ 1 597 081 шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони коргари муҳоҷир сабти ном ва муҷаввизи кор дарёфт кардаанд.
Дар соли 2019 коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон 2 миллиард доллар ирсол карданд, ки дар соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид 19 ин маблағ коҳиш ёфт.
Бештар бихонед :
- Русия мақсади аслии коргаронӣ муҳоҷири тоҷик
-
Илзомӣ кардани озмоишҳои пизишкии коргарони муҳоҷири тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан
-
Дархост аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои ислоҳи муи сар ва риш