Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон барои тавлиди муштараки маводи ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
(last modified Fri, 24 Dec 2021 13:30:29 GMT )
Декабр 24, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон барои тавлиди муштараки маводи ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон хостори эҷоди ширкатҳои муштараки тавлиди маҳсулоти ғизоӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар манотиқи озоди иқтисодии ин кишвар шуд.

Ба гузориши “Форс”, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Паринози Пешдодиён, раиси Маркази тиҷории Эрон «Фикри бартар» дидору гуфтугӯ карданд.

Тарафи тоҷикистонӣ дар ин дидор ба манзури тавсеаи бештари ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба тарафи эронӣ пешниҳоди эҷоди ширкатҳои муштараки тавлиди оби маъданӣ ва ҳамчунин руби гӯҷафарҳангӣ (томат), маҳсулоти консерв дар минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро ироа кард.

Пешдодиён ба навбати худ аз пешниҳоди тарафи тоҷикистонӣ истиқбол ва хотирнишон кард, ки ин ибтикор боиси тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар хоҳад шуд.

Тарафайн ҳамчунин масоили марбут ба таҳия ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва маркази тиҷории «Фикри бартар»-и Ҷумҳурии исломии Эрон ва мавзӯоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки дар 11 моҳи соли 2021 гардиши молӣ байни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон 93. 2 миллион доллар баровард шудааст, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли 2020 мелодӣ 44. 6 миллион доллар бештар аст.

Саҳми тиҷорати мутақобил бо Эрон дар кулли гардиши молии Тоҷикистон тайи ин давра 1. 7 дарсад буда ва дар сохтори тиҷорати хориҷӣ ин кишвар дар ҷойгоҳи нуҳум қарор дорад.

 

 

 

 

 

Барчасп