Изҳороти раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мушкилоти аломатгузорӣ нашудани ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон
(last modified Sat, 25 Dec 2021 16:13:36 GMT )
Декабр 25, 2021 21:13 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мушкилоти аломатгузорӣ нашудани ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, аломатгузорӣ нашудани ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон таҳдид бар зидди тамомияти арзӣ аст.

Ба гузориши сомонаи Акипресс, Содир Ҷабборов дар нишасти аъзои давлати Қирғизистон  афзуд, печидагии музокирот ва набуди тавофуқ бо Тоҷикистон бар саломати гузаргоҳи ноҳияҳои марзии муштараки ду кишвар, мушкилоти транзитӣ ва баста будани гузаргоҳҳои марзӣ бо кишвари ҳамсоя таҳдиди ҷиддӣ бар зидди тамомияти арзӣ аст.

Вай вазъияти сокинони вилояти Боткандро, ки дар пайи даргириҳои марзии 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ бо Тоҷикистон дучори хисороти зиёд шуданд, вахим эълом кард.

Вазири хориҷаи Қирғизистон: то ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон фосилаи зиёд вуҷуд дорад

Марзбони Қирғизистон муҷаҳаз бо паҳбод шуд

Дар натиҷаи шаш соат тирандозӣ миёни марзбонони  Тоҷикистон ва Қирғизистон апрели соли ҷорӣ дар марзи ноҳияҳои Исфара ва Ботканд 19 тоҷик  кушта ва 87 нафар захми шуданд.

Аммо тарафи Қирғизистон муддаъӣ аст, ки дар ин даргири 36 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар низ кушта ва дасти кам 220 нафар захмӣ шуданд.

Дар пайи ду даҳа музокироти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, фақат 520 километр аз марзи 976 километрии ду кишвар аломатгузорӣ шудааст.

 

Барчасп