Бунёди посгоҳ дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон
Декабр 29, 2021 12:32 Asia/Dushanbe
Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳ месозад.
Ба гузориши «Ховар», Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, масоили амниятӣ ба сурати дуҷонибаву чандҷониба, аз ҷумла тасмим барои тақвияти амнияти гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ баррасӣ шудааст.
Вай идома дод, бунёди посгоҳи марзӣ дар ҷиҳати иҷрои тасмимоти муштарак аст.
Ин дипломати рус афзуд, дар чорчӯби ин тасмимот, тарафи русӣ таслеҳоти низомии пешрафта дар ихтиёри Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор хоҳад дод.
Ба гуфтаи вай, пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон низ бо таслеҳоти пешрафтаи низомӣ таҷҳиз шудааст.
Барчасп