Декабр 30, 2021 14:19 Asia/Dushanbe
  • Баррасии иқдомоти анҷом шуда дар соли ҷорӣ дар охирин нишасти аъзои давлати Тоҷикистон

Дар охири ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон дар соли 2021 иқдомоти анҷом шуда дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар бораи мизони рушди иқтисодии кишвар дар соли 2021 табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа аъзо дар бораи иқдомоту вазоифи ҳар вазоратхона дар соли 2022 низ гуфтугӯ карданд.

Дар ин нишаст масъулони вазоратхонаҳо ва созмонҳои давлатӣ дар бораи барномаҳои худ дар иҷрои вазоифи мушаххас шуда барои шаш моҳи нахуст дар соли 2022 гузориш доданд.

Бар асоси пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи чанд қонӯн, аз ҷумла қавонини ҷиноӣ, муқаррароти судури муҷавизи фаъолияти бахши хусӯсӣ, тағйири бархе аз номҳои рӯстоҳо дар ноҳияи Шаҳринав баррасӣ ва барои тасвиб ба Маҷлиси Намояндагон ирсол шуд.

Аз сӯи дигар дар ин нишаст бар зарурати ислоҳот дар барномаҳҳои омӯзишии мактабҳо ва донишгоҳҳо, таваҷҷуҳ ба тарбияти насли ҷавон ва рушди варзиш барои солҳои 2022 то 2026 таъкид шуд.

 

Барчасп