Ҳудуди 12 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик соли гузашта натавонистанд ба Русия сафар кунанд
(last modified Sun, 09 Jan 2022 14:06:25 GMT )
Январ 09, 2022 19:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 12 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик соли гузашта натавонистанд ба Русия сафар кунанд

Соли 2021 ҳудуди 12 ҳазору 441 коргари муҳоҷири тоҷик ба далили мамнуъияти вуруд ба Русия натавонистонад ба ин кишвар сафар кунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бештари аз ин афрод бедуни огоҳӣ аз мамнуъ будани вуруд ба Русия барои рафтан ба ин кишвар иқдом карда буданд, ки дар масир аз сафари онҳо ба Русия пешигири шуд ва ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд.

Шаҳноза Нодирӣ муъовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон яке аз роҳҳои ҳалли мушкили эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия ба шакли созмонёфтаро роҳандозии сомонаи муштарак бо Вазорати кори Русия унвон мекунад.

Аз дидгоҳи вай ин иқдом сабаби иттилоъ аз ниёзи ширкатҳои русӣ, муҷоз ё мамнуъ будани вуруди коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия ва осонии судури муҷавизи кор барои ин афрод хоҳад шуд.

Русия дар чанд соли ахир беш аз 300 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми нақзи қавонини кор ва иқомат аз ин кишвар ихроҷ кард.

Соли 2021 ҳудуди 150 ҳазор нафар аз ин афрод авф шуданд ва мамнуъияти вуруди онҳо ба Русия низ лағв шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп