Сохти беш аз 3 ҳазор мактаби нав дар Тоҷикистон тайи 30 соли ахир
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз сохти 3 ҳазору 200 мактаби нав тайи 30 соли истиқлоли ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар ин мактабҳо акнун 1 миллиону 400 ҳазор донишомӯз ба омӯзиши улуми мухталиф машғул ҳастанд.
Гуфта мешавад, теъдоде аз ин мактабҳо бо кумаки молии ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои Чин, Ҷопон ва Русия сохта шудаанд.
150 миллион доллари Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон
Аз сӯйи дигар тайи 30 соли истиқлоли Тоҷикистон, дар ин кишвар 173 мактаб ва марокизи омӯзишии ғайридавлатӣ ва 193 маҳди кӯдак (боғча) -и хусусӣ барои 150 ҳазор донишомӯз сохта шудааст, ки шомили афроди дорои истеъдодҳои дурахшон мешавад.
Ҳазинаи тадрис дар ин марокиз аз ҳисоби волидайни донишомӯзон таъмин мешавад.
Бештар бихонед:
- Мушорикати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сохти мактаб дар Тоҷикистон
- Ҷопон дар Тоҷикистон 10 мактаб месозад