Даҳ ҳазору 500 сомонӣ саҳми ҳар тоҷикистонӣ аз тавлиди нохолиси миллӣ дар соли 2021
(last modified Wed, 09 Feb 2022 07:00:53 GMT )
Феврал 09, 2022 12:00 Asia/Dushanbe
  • Даҳ ҳазору 500 сомонӣ саҳми ҳар тоҷикистонӣ аз тавлиди нохолиси миллӣ дар соли 2021

Саҳми ҳар тоҷикистонӣ аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2021 ба 10 ҳазору 500 сомонӣ расид.

Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии омори Тоҷикистон, маҷмӯи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2021 ба 98 миллиарду 900 миллион сомонӣ (беш аз 8 миллиарду 700 миллион доллар) расид, ки саҳми ҳар сокини ин кишвар 10 ҳазору 500 сомонӣ (ҳудуди 900 доллар) мебошад.

Дар соли 2020 тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон 82 миллиарду 543 сомонӣ ва саҳми ҳар сокини ин кишвар 8 ҳазору 740 сомонӣ буд.

Аммо дар соли 2019 ин шохис мутаносибан 77 миллиарду 300 сомонӣ ва саҳми ҳар сокини ин кишвар 8 ҳазору 136 сомониро ташкил мекард.

Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2021 ба 9 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст.