Муроҷиъаи 141 ҳазор нафар дар Тоҷикистон барои пайдо кардани кор дар соли 2021
(last modified Wed, 09 Feb 2022 14:55:54 GMT )
Феврал 09, 2022 19:55 Asia/Dushanbe
  • Муроҷиъаи 141 ҳазор нафар дар Тоҷикистон барои пайдо кардани кор дар соли 2021
    Муроҷиъаи 141 ҳазор нафар дар Тоҷикистон барои пайдо кардани кор дар соли 2021

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2021 дар ин кишвар 141 ҳазору 800 нафар барои пайдо кардани кор ба идороти ин вазорат муроҷеъа карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Ширин Амонзода дар нишасти хабари дар Душанбе гуфт, ки аз ин теъдод беш аз 106 ҳазор нафар ба унвони афроди ҷуёи кор расман сабтином шуданд.

Ҳамчунин 58 ҳазору 900 нафар аз ин афрод ба унвони бекор сабтином шуда аз ҳуқуқи дарёфти кумаки молии муваққат то замони пайдо кардани шуғл бархурдор гардиданд.

Вай таъкид кард, ки дар соли 2021 ба наздик ба 13 ҳазор афроди фоқиди шуғл дар Тоҷикистон кумаки молии 7 миллону 600 ҳазор сомонӣ расонда шуда аст. Аз миёни афроди ҷуёи кор дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор нафар бо шуғл таъмин шуданд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди аз ҳама бештари афроди бекор дар Тоҷикистон сокинони вилояти Бадахшон мебошанд, ки минтақаи маҳсури куҳистонӣ аст.

 

Барчасп