Қатъи фаъолияти наздик ба 20 ҳазор фаъоли бахши хусӯсӣ дар соли 2021 дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 12 Feb 2022 07:49:55 GMT )
Феврал 12, 2022 12:49 Asia/Dushanbe
  • Қатъи фаъолияти наздик ба 20 ҳазор фаъоли бахши хусӯсӣ дар соли 2021 дар Тоҷикистон

Корманди аршади Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти наздик ба 20 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусӯсӣ дар ин кишвар дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Самариддин Шамсимадзода гуфт, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2020 наздик ба 4 ҳазор нафар бештар мебошад.

Вай иллати қатъи фаъолияти ин теъдод аз фаъолони бахши хусӯсиро нотавонӣ дар рақобат дар бозори дохилӣ, надонистани муқаррароти тиҷорат, ноошноӣ бо қавонини молиёт ва қарзи молӣ унвон кард.

Аммо Фозилҷон Фаттуллоев, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки яке аз далоили умдаи қатъи фаъолияти ин афрод молиёти сангин ва таҳқиқ ва ҷустуҷӯи ниҳодҳои назоратӣ мебошад, ки дар баробари зиёд будани суди вомҳои бонкӣ мӯҷиби варшикаст шудани фаъолони бахши хусӯсӣ мегардад. Ҳамчунин ҳимояти давлат аз фаъолияти бахши хусӯсӣ дар Тоҷикистон эҳсос намешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон аз сабти номи 338 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба унвони фаъолони бахши хусӯсӣ хабар додааст.

Бештар бихонед:

Барчасп