Воридоти 620 ҳазор тонна сӯхт ба Тоҷикистон дар соли 2021
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сонмонаи ТоҷВик, ин мизони сӯхти воридотӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021 дар муқоиса бо соли қабл афзоиши 60 дарсадиро нишон медиҳад.
Хадамоти давлатии зидди инҳисории Тоҷикистон аз воридоти 620 ҳазор тонна сӯхт ба ин кишвар дар соли 2021 хабар дод.
Гуфта мешавад, ки 87 дарсади ин сӯхт аз Русия ва 7.3 дарсад аз Қазоқистон, 2.6 дарсад аз Узбакистон, 2.4 дарсад аз Туркманистон ворид шуда аст.
Ҳамчунин қимати ҳар як тонна сӯхти воридотӣ дар соли 2021 ба Тоҷикистон 667 доллар буд, ки дар муқоиса бо соли 2020 афзоиши 200 доллариро нишон медиҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки акнун қимати ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 то 11 сомониву 80 дирам, солярка аз 11 сомониву 40 то 11 сомониву 70 дирам ва нархи гази моеъ ба 7 сомониву 80 дирам расида аст, ки дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон бесобиқа мебошад.