Омодагии Кореяи Ҷанубӣ барои ҷазби муҳоҷирони кории тоҷик
Вазири кори Кореяи Ҷанубӣ омодагии кишварашро барои тақвияти равобити дуҷониба бо Тоҷикистон эълом кард.
Вазири кори Кореяи Ҷанубӣ омодагии кишварашро барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаи иштиғол, мушорикати шаҳрвандони Тоҷикистон дар шуғлҳои масимии кишоварзӣ ва ҷазби неруи корӣ аз ин кишвар эълом кард.
Бар асоси гузориши Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳайате ба сарпарастии Ширин Амонзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои барқарории равобит бо тарафи кореяӣ, ҷиҳати ҷазби неруи корӣ аз ин кишвар барои шуғлҳои фаслӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба Сеул сафар кард.
Дар музокироти Амонзода бо мақомоти дахлдори кореяӣ, вазъияти кунунии равобити ду кишвар ва ҳамкории бештар барои сафари ҷамъии неруи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба Кореяи Ҷанубӣ дар заминаҳои саноат, кишоварзӣ ва соири ҳавза мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Вазири кори Кореяи Ҷанубӣ дар суханоне зимни арзёбии мусбат аз тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо Тоҷикистон тайи солҳои ахир, омодагии худро барои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаи иштиғол ва иртиқои он ба як сатҳи ҷадид иброз кард.
Тайи ин дидор дар мавриди густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ мувофиқатнома имзо шуд.