Тоҷикистон шоире фозилро аз даст дод
Марг – ҳузури ҷовидонаи инсон дар маҳзари Ҳақ аст, ки аз пешгоҳи Ӯ омадаем ва бояд дар остони Ӯ намози ишқро ба ҷо биёварем.
Оқои Шоҳмирзо Хӯҷаев, шоир ва адиби соҳибқалами тоҷик дар ҷумъаи охири моҳи шарифи Рамазон дори фониро видоъ гуфт.
Бо андуҳи гарон хабар расид, ки устоди фақид, рӯзноманигори варзида ва адиби ширинкалом, муаллифи садҳо мақола ва даҳҳо осори мондагор – Шоҳмирзо Хӯҷаев дар синни 73- солагӣ рахт аз олами фонӣ бар дунёи боқӣ барбаст.
Бисёре аз ошноён, ҳамкорон ва ҳамқаламону аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдардии худро ба хонаводаи оқои Шоҳмирзо изҳор доштаанд.
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон дар паёме дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст: Даргузашти шоир ва фозили муҳтарам, ҷаноби оқои Шоҳмирзоро ба ҳамаи аҳли фазлу адабу фарҳанг ва дӯстон, ҳамроҳон ва шогирдони он бузургвор, ба вижа фарзандашон – нависанда Шоҳмансури Шоҳмирзо ва фарзандони дигари он марҳум самимона таслият мегӯям ва шодии равони баланди ӯ ва тандурустиву шикебоии ҳамаи бастагони муҳтарамро аз Парвардигори тавоно мехоҳам. Ёди он азиз гиромӣ бод!
Таслият вожаи кучакест дар баробари ғами бузурги Шумо. Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз номи кулли ҳамкорон ба оқои Шоҳмансури Шоҳмирзо, ки собиқаи ҳамкорӣ бо ин радиоро доранд ва дигар фарзандони он марҳум ва бозмондагонашон нисбат ба даргузаштаи оқои Шоҳмирзо изҳори таслият мегӯяд ва ҳамдардии хешро баён медорад. Андуҳи мо дар ғами аз даст додани он азизи бузургвор дар вожаҳо намегунҷад, танҳо метавонем бароятон сабре азим ва барои он марҳум рӯҳе шоду ором талаб кунем. Моро дар ғами худатон шарик бидонед. Рӯҳи он марҳум шод ва манзили охираташон обод бод ва ба бозмондагони он марҳум сабри ҷамил ато фармояд.
Маросими видоъ бо марҳум имрӯз 30 апрел, соати 9 субҳ дар ноҳияи Мастчоҳ, маҳаллаи “Сомониён” баргузор шуд.