Гуфтугуи раисони Ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон; нигоҳе ба равобити ру ба густариши ду кишвар
(last modified Mon, 02 May 2022 14:12:23 GMT )
Май 02, 2022 19:12 Asia/Dushanbe
  • Тафсири гуфтугуи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон; нигоҳе ба равобити ру ба густариши ду кишвар
    Тафсири гуфтугуи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон; нигоҳе ба равобити ру ба густариши ду кишвар

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози хурсанди аз равобити иқтисодии ру ба густариши Теҳро-Душанбе аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар ба Эрон даъват ва анҷоми ин сафарро дар иртиқои сатҳи таъомулоти дуҷониба ва минтақавии ду кишвар муссир тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Эмомалӣ Рамҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар лузуми тавсеаи ҳамоҳангиҳои амниятии байни ду кишвар афзуд: Эрон нигарони вазъияти минтақа ва махсусан Афғонистон аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо қадрдони аз даъвати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои сафар ба Теҳрон, фарорасидани иди Фитрро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.

Дар ҳоле, ки ноамниҳо дар бархе манотиқи ғарби Осиё идома дорад ва Амрико низ маҷбур ба хуруҷ аз минтақа шуда аст, ниёз ба ҳамгароӣ кишварҳои минтақа, ки аксаран кишварҳои исломӣ ҳастанд барои муқобила бо таҳдидҳо ва ҳамчунин эҷоди фурсатҳои иқтисодӣ барои таъмини манофеъи миллатҳо беш аз гузашта аҳамият ёфта аст.

Дар ҳамин росто давлати сездаҳуми Эрон бо таъкид бар авлавияти кишварҳои минтақа ва мусалмон ҳам тақвияти дипломосии иқтисодиро дунбол кунад ва ҳам бо афзоиши таъомулот ва муносибатҳои тиҷоратии бо ин кишварҳо дар талош аст барои коҳиши танишҳо ва ихтилофот ва ҳамчунин тақвияти ҳамгароӣ дар минтақа аст.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешавад, аммо дар минтақа аҳамияти босазое дорад ва ин амр пеш аз ҳар чиз ба сабаби пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забовнии мавҷуд миёни ду кишвар аст. Дар воқеъ Тоҷикистон ба унвони танҳо кишвари форси забон дар Осиёи Марказӣ вазъияти фарқкунанда бо дигар кишварҳои ин минтақа дорад.

Бар ҳамин асос сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон низ бар авомили ҳамгароӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ устувор аст.

Тоҷикистон кишвари бо зарфияти табдил шудан ба як шарики бузурги иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки метавонад аз тариқи бандарҳои ҷануби Эрон ба обҳои озод дастрасӣ дошта бошад. Тиҷорати ду кишвар дар се моҳи поёнии соли 1400 шамсӣ бо гузашт аз 131 миллион доллар, рушди 453 дарсадиро таҷруба кард, ки нишондиҳандаи пешрафти чашмгир дар муносибати тиҷорати аст. Эрон ва Тоҷикистон дар тарҳҳои нефти,  обамборсози, саноъати ғизоӣ, фулузот ва гардишгарӣ низ зарфияти болоӣ барои ҳамкори доранд.

Дар ҳавзаи амниятӣ низ Эрон ва Тоҷикистон бо таҳдидоти муштарак ҳамчун қочоқи мавози мухаддир, терроризм ва ифротигароӣ муваҷаҳ ҳастанд. Марзҳои шимолии Афғонистон бо Тоҷикисон аз манотиқе аст, ки густариши ноамниҳо дар он метавонад сабаби бесуботи дар минтақа шавад бар ҳамин асос тақвияти ҳамгароӣ Тоҷикистон ва Эрон барои эҷоди субот дар Афғонистон муҳим талқи мешавад ва ин масъала метавонад ба сурати сеҷониба байни Теҳро, Душанбе ва Кобул пайгири шавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сентябри соли 2021 дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни ин ки назароти ду кишвар дар мавриди Афғонистон наздик аст, гуфт: Ҳарду кишвар эътиқод дорем, ки дахолати бегонагон дар Афғонистон сабаби балоҳои бисёр бар ин кишвар шуд ва бояд дасти бегонагонро аз Афғонистон қатъ кард.

Табиъи аст Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар ҷиҳати барқарории сулҳу субот дар минтақа талош карда ва дар кумак ба тақвияти зерсохтҳо ва тавсеа ва шукуфоӣ Тоҷикистон низ нақши муассир дошта аст ҳамакнун иродаи мақомоти ду кишвар бар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар аст ва интизор меравад бо таваҷуҳ ба фурсатҳои мавҷуд, муносибатҳои ду кишвар тавсеа ёбад. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора гуфта аст: Густариши ҳамкориҳо бо Эрон дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро зарури медонем.