333 ҳазор тоҷик таи се моҳи соли ҷорӣ барои кор ба Русия сафар карданд
(last modified Sun, 08 May 2022 05:49:21 GMT )
Май 08, 2022 10:49 Asia/Dushanbe
  • 333 ҳазор тоҷик таи се моҳи соли ҷорӣ барои кор ба Русия сафар карданд

Хадамоти марзбонии Русия аз варуди 333 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, аз 770 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки таи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ барои кор ба Русия сафар карданд 333 ҳазор нафар тоҷик буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 ҳудуди 16 ҳазор нафар аз Тоҷикистон бо хонаводаҳояшон барои кор ва иқомати доим ба Русия рафта буданд.
Ҳамчунин барои бори нахуст дар соли 2021 беш аз 110 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русияро дарёфт кардаанд.



Бештар бихонед :



 

 

Барчасп