Мушаххас шудани рақибони тими миллии футболи зери 20 соли Тоҷикистон дар рақобатҳои осиёӣ
Май 25, 2022 14:52 Asia/Dushanbe
Рақибони тими миллии футболи зери 20 соли Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 мушаххас шуд.
Дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2023, тими футболи ҷавонони зери 20 соли Тоҷикистон дар гуруҳи “ I ” бозӣ мекунад.
Дар ин рақобатҳо тимҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони футболисти Тоҷикистон ҳастанд.
Дидорҳои радабандии гуруҳи “ I ” аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.