Ширкати теъдоде аз муаллимони тоҷик дар давраи бозомӯзии кишвари Узбекистон
(last modified Tue, 14 Jun 2022 04:23:51 GMT )
Июн 14, 2022 09:23 Asia/Dushanbe
  • Ширкати теъдоде аз муаллимони тоҷик дар давраи бозомӯзии кишвари Узбекистон

15 муаллими тоҷик дар давраҳои такмилии бозомӯзӣ дар Узбекистон ширкат карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, муаллимон дар чорчӯби ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои фарҳанги Тоҷикистону Узбекистон ва иҷро «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба Узбекистон эъзом шуданд.

Ҳамчунин Озодбек Назарбек, вазири фарҳанги Узбекистон низ аз раванди омӯзиши муаллимони тоҷик боздид ва бо онон дидору  гуфтугӯ кард.