Боздошти 261 нафар гумонбар ба иқдомоти террористӣ дар Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2022
(last modified Wed, 20 Jul 2022 13:57:27 GMT )
Июл 20, 2022 18:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 261 нафар гумонбар ба иқдомоти террористӣ дар Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2022
    Боздошти 261 нафар гумонбар ба иқдомоти террористӣ дар Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2022

Вазорати корҳоди дохилаи Тоҷикистон аз боздошти 261 нафар гумонбар ба иқдомоти террористӣ дар нимаи аввали имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, бо 14 гуруҳи ҷиноӣ созмонёфта бо аъзои ҳудуди 100 нафара муқобила шуд.

Бин бар эъломи ин Вазорат дар 6 моҳи соли ҷорӣ 12.4 ҳазор маврид ҷиноят дар Тоҷикистон сабт шуд.

Ҳамчунин 3 ҳазор нафар шаҳрванд таҳтитаъқиб дар ин кишвар 44 нафар бозгардонда шуданд, ки 41 нафари аз онҳо дар Русия ба сар мебурданд.

Бино бар иттилоъи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то кунун 22 маврид қатл ва иқдом ба қатл, 64 маврид масдумияти шадиди бадании амди, 16 маврид таҷовузи ҷинсӣ, 8 маврид қочоқи инсон, 65 маврид дузди ва дигар ҷиноят ба сабт расида аст.

Дар ин муддат нерӯҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон як тонна маводи мухаддир кашфу забт карданд.

 

Барчасп