Сафари ҳудуди 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 27 Jul 2022 07:10:13 GMT )
Июл 27, 2022 12:10 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳудуди 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон

Ҳудуди 363 ҳазор гардишгар(сайёҳ)и хориҷӣ таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.

Ин теъдод дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли 2021 афзоиши 2.9 дарсадӣ доштааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, 95 дарсади ин афрод шаҳрвандони  кишварҳои узви ИДМ  ва ба вижа Узбекистон буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карда буданд.
Аммо дар соли 2021 ба далели шуюъи корона фақат 296 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди Тоҷикистон шуданд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 240 ширкати хадамоти гардишгарӣ фаъолият мекунад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳ бо соли қабл 19 ширкат бештар шудааст.
Барои расондани хадамот ба гардишгарони хориҷӣ акнун 182 меҳмонхона аз ҷумла 6 меҳмонхонаи 5 ситора, 19 меҳмонхонаи 4 ситора, 16 меҳмонхонаи 3 ситора ва 136 меҳмонхонаи хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

 

Барчасп