Мулоқоти ноиб раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон бо сафири Арабистон
Ноиб раиси Утоқи бозаргони Тоҷикистон бо сафири Арабистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Садои Хуросон дар мулоқот Манзура Рустамова бо Валид Абдураҳмон Аррашидун, иттилооте аз фаъолиятҳо ва барномаҳои ояндаи Утоқи бозаргонии Тоҷикистон монанди баргузории намоишгоҳҳои тиҷорӣ ироа шуд.
Ҳамчунин Валид Абдураҳмон Аррашидун ин дидорро гоми хубе дар рушди бахши хусуси донист ва иброз дошт бо мушорикати ширкатҳо ва корхонаҳо, туҷор ва сармоягузорони Арабистони Саъудӣ дар руйдодҳои тиҷории Тоҷикистон мушорикат мекунанд.
Манзура Рустамова низ гузорише дар мавриди ҷазби сармоягузории Арабистони Саъудӣ барои сармоягузории муштарак дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон ва рушди мубодилоти коло ва маҳсулоти байни дукишвар ироа кард.