Сохту бозсозии 152 маркази беҳдошти дармонӣ то поёни имсол дар вилояти Суғд
152 маркази беҳдошти дармонӣ то поёни имсол дар вилояти Суғд бозсози мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт: Давлат дар ҳоли ҳозир тамоми талоши худро барои беҳбуди кайфияти хадамоти пизишки анҷом медиҳад.
Вай гуфт: Иқдомоти муассир барои ҳифзи саломат ва муроқибат аз мардум, пешгири аз ибтилои шаҳрвандон ба бемориҳои мухталиф, беҳбуди амалкарди бемористонҳо ва дармонгоҳҳо дар ҳоли иҷро аст.
Раҷаб Аҳмадзода хотирнишон кард: Будҷети бахши саломт дар 5 соли гузашта ҳудуди 225 миллион сомонӣ афзоиш ёфт ва имсол низ ҳудуди 600 миллион сомонӣ аз маҳалли эътибори минтақаи барои ин бахш ихтисос ёфта аст.
Раиси вилояти Суғд афзуд: Афзоиши эътибори бахши беҳдошт ва воридоти таҷҳизоти замонавии пизишки, дастрасии бештар мардумро ба хадамоти бо кайфият ва тахассусии бештар беҳбуд мебахшад.