Декабр 04, 2016 21:35 Asia/Dushanbe
  • Иҷозаи расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон барои таҷлили мавлуди паёмбари Ислом (с)

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом –ҳазрати Муҳаммад (с)-ро расман иҷоза дод, вале аз сокинон хост, ки ин маъракаро бидуни додани ғизо ва зиёфат баргузор кунанд.

Ба гузориши сайти Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар қарори расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст, таъкид шудааст, ки ин маросим дар ҳамаи масҷидҳои кишвар рӯзи 9 декабр баргузор ва аз натиҷаи он "ҳисоботи хаттӣ пешниҳод хоҳад шуд".

Ҳар сол дар Тоҷикистон 12 –уми моҳи рабеулаввали ҳиҷрии қамарӣ, ки ин дафъа ба ибтидои моҳи декабр рост омадааст, пайравони дини мубини Ислом рӯзи мавлуди паёмбари Ислом - ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҷашн мегиранд. Ин ид миёни мусалмонон бо номҳои "мелоди набӣ", "мавлуди шариф", "рӯзи набӣ" ё "мавлуди расул" низ маъруф аст. Дар рӯзи мавлуд асосан имомхатибон мавъизаҳо ироа карда ва қиссаҳои марбут ба рӯзгори паёмбарро ба мардум мерасонанд.

Дар Тоҷикистон солҳои гузашта мавлуди паёмбари Ислом (с) дар хона ва маҳфилҳои ҷудогона таҷлил шуда, барои ҷашн гирифтан ё нагирифтани он қарори расмӣ содир намешуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон гуфтаанд, шояд Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо додани иҷозаи расмӣ талош кардааст, тарафдорияш аз Исломи муътадилро ба намоиш гузошта ва дили то ҳадде сардшудаи бархе аз пайравони дини Исломро дубора ба худ гарм намояд. Онҳо мегӯянд, вазъи дину диндорӣ дар Тоҷикистон то соли 2009, яъне замони тасвиби қонуни нави дин дар муқоиса ба кишварҳои дигари минтақа хеле беҳтар буд, аммо баъдан талоши мақомот барои таҳти назорати шадид гирифтани фаъолияти масоҷиду имом-хатибон мухолифатҳои зиёдро ба бор оварда ва кишварро дар раддабандии озодиҳои мазҳабӣ низ чанд зина ба қафо партофт.

Иддае аз соҳибназарон бо ёдоварӣ аз нигоҳ ва муҳаббати хоси мардуми муъмин ва куҳансоли Тоҷикистон нисбат ба мавлуди паёмбари Ислом (с) мегӯянд, аксари мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мавлуди ҳазрати Муҳаммад (с)-ро аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд ва маҳфилҳои мавлудхонӣ ташкил мекарданд ва аз китобҳои мавлудномаи шоирон шеъру қасидасароӣ мекарданд.

 

Барчасп