Вайронии танҳо роҳи иртиботии ноҳияи Рашт бо Душанбе ва норизоятии мардум
Шаҳрвандони ноҳияи Рашт дар Тоҷикистон аз вазъияти номатлуб танҳо роҳи иртиботияшон бо маркази Тоҷикистон шикоят доранд.
Вайронии танҳо роҳи иртиботии ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон бо шаҳри Душанбе боиси норизоятии мардум ва сокинони ин минтақа шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ пас аз оғози эҳдоси неругоҳи Роғун роҳе, ки солҳо сокинони ин минтақа аз тариқи он рафту омад мекарданд зери об монда аст ва ба дунболи он роҳи нав боз шуда аст, ки вазъияти он матлуб нест ва ба ҳоли худ раҳо шуда аст.
Ба гуфтаи сокинони ин минтақа 20 километр аз ин роҳ вайрон аст ва гузаштан аз он 1 ба тул меанҷомад.
Ҳукумати Тоҷикистон ваъда карда аст, ки мушкилро ҳал кунад.