Ҳадияи девони ашъори Рудакӣ ба вазири фарҳанги Тоҷикистон
Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар ҳошияи дидори расмӣ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон девони ашъори Рудакиро ба вай ҳадия кард.
Рудакӣ маъруф ба одамулашъор, нахустин шоири машҳури форсӣ дар давраи Сомонӣ ва устоди шоирони ин қарн аст.
Рудакӣ илова бар шеъру адабиёт ба сабаби ошноӣ бо мусиқӣ навозандагии чанг дар ҳавзаи мусиқӣ низ мавриди эҳтирои ҳунармандони мусиқии Эрон аст.
Девони Рудакӣ марбут ба садаи чаҳоруми қарни ҳиҷри қамарӣ аз нахустин девони ашъори порси аст.
Муҳаммадмаҳди Исмолили, вазири фаҳранг ва иршоди исломӣ дар ҳошияи конфронси хабарии муштарак бо Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳадияи девони ашъори Рудакӣ ба вай ин шоири бузургро пешгоми шеъри форсӣ ва намоди аз умқи пайванди тамадун ва фарҳанги ду кишвар донист.
Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ бо ишора ба номгузории рӯзи Рудакӣ тақвими кишвар афзуд: Барномаҳои муъаррифии ҷойгоҳ ва шахсияти ин шоири бузург ба бунёди фарҳанг ва ҳунари Рудакӣ вогузор шуда аст.