Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон: Супурдани 3 ҳазор шиноснома ба гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон
(last modified Thu, 20 Oct 2022 12:14:13 GMT )
Октябр 20, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон: Супурдани 3 ҳазор шиноснома ба гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон
    Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон: Супурдани 3 ҳазор шиноснома ба гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикисон афзуд: Толибон ба беш аз 3 ҳазор нафар аз аъзои гуруҳҳои террористӣ шиносномаи афғонистонӣ дода аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ амният ва мудиряти марзҳо барои муқобила бо терроризм дар шаҳри Душанбе зимни эъломи ин хабар, хитоб ба ширкаткунандагон гуфт: Ин вазъият як бори дигар хатари режими Толибонро тайид мекунад ва мушкилоти Афғонистон бояд дар конуни таваҷҷуҳи ҳама қарор бигирад.

Суханони Рамазон Раҳимзода дар ин бора дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин нишаст ба тақвияти ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ишора кард ва ба кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмиллалӣ дар ин бора ҳушдор дод.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Ифротигари ва терроризм ҳеҷ иртиботи ба миллат, дин, мазҳаб ва тобеъият надорад бино бар ин роҳи дурусти муборизаи муассир бо ин падида, ҳамкории содиқонаи кишварҳо, созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҷомеъаи ҷаҳони мебошад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта низ дар нишасти бо сарони Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳузури шибҳинизомиён ва неруҳои интиҳори дар марзҳои Афғонистон ибрози нигарони кард ва афзуд, ки дар ин кишвар даҳҳо ҳазор террорист аз ҷумла бомбгузорони интиҳори омузиш мебинанд.

 

Барчасп