Ноябр 24, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури сафири Тоҷикистон дар Туркия дар симпозиюми “ Саҳми чандфарҳангӣ дар шаклгирии фарҳанги модерни зистмуҳитӣ ва фарҳанги  нави об ”

Сафири Тоҷикистон дар Туркия дар симпозиюми “ Саҳми чандфарҳангӣ дар шаклгирии фарҳанги модерни зистмуҳитӣ ва фарҳанги нави об ” ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар таърихи 23 ноябр Ашрафҷон Гулов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба даъвати  сафири Италия дар Анқара  дар ин симпозиюм ширкат ва суханронӣ кард .
Ашрафҷон Гулов ибтикороти ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар заминаи об ба вижа чаҳорумин ибтикори даҳаи байналмилалии иқдом “ Об барои тавсеаи пойдор  2018 - 2028 ”-ро ба ширкаткунандагон муаррифӣ кард .
50 ширкаткунанда аз ҷумлаи усотодони италияӣ, турк, дипломатҳо, коршиносони ҳавзаи об ва муҳити зист ба сурати ҳузурӣ ва маҷозӣ дар ин симпозиюм ширкат карданд .
Дипломати тоҷик дар айни ҳол хотирнишон кард, ки бо ҳамкории сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, подшоҳии Ҳоланд ва дафтари ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милал нишасти тавҷеҳӣ дар 24 ноябри 2022 дар Анқара дар иртибот бо конфаронси оби 2023-и Созмони Миллал баргузор мешавад . 
 

 

Барчасп