Декабр 07, 2022 19:08 Asia/Dushanbe
  • Роҳи оҳан аз Покистон ба Тоҷикистон
    Роҳи оҳан аз Покистон ба Тоҷикистон

Покистон бо ҳадафи тақвияти иртиботот бо Осиёи Миёна ба дунболи эҷоди як хати рейлии 8. 2 миллиарддолларӣ аст, ки ин кишварро ба Узбакистон муттасил мекунад.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, ба нақл аз хабаргузории “Азия Плюс”, ин тасмим дар ҷаласае бо ҳузури маҷлиси сенати Покистон ва мақомоти Вазорати роҳи Покистон ироа ва мавриди мувофиқат қарор гирифт. Бо бунёди ин роҳи оҳан замони сафари колоҳои транзитӣ аз Осиёи Марказӣ ба Покистон ва баръакс аз 35 рӯз ба 3 то 5 рӯз коҳиш меёбад.

Талоши Покистон барои дастрасии зудтар ба кишварҳои Осиёи Миёна, ки бо унвони тарҳи «Хати оҳани Транс-афғон» ва мушорикати кишварҳои Афғонистон ва Узбакистон рӯнамоӣ шуд, ба иллати идомаи ноамниҳо дар Афғонистон ва адами суботи сиёсии лозим метавонад чолишҳои муҳиме муқобили ин тарҳ қарор диҳад.

Бар асоси он чӣ ки мақомоти покистонӣ гуфта буданд, хати оҳани Транс-афғон кӯтоҳтарину иқтисодитарин масир барои ин кишвар аз тариқи Афғонистон барои дастрасӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад буд, ки бо ҳаракат аз шаҳри Пешовар ва убур аз Кобулу Мазори Шариф вориди Узбакистон мешавад.

 

Барчасп