Май 20, 2023 11:54 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии сиюдуюмин нишасти сарони Иттиҳодияи Араб : таъкид бар масаълаи Фаластин ва истиқбол аз тавофуқи Эрону Арабистон

Дар баёнияи сиюдуюмин нишасти сарони Иттиҳодияи Араб дар Ҷаддаи Арабистон масъалаи Фаластин ба унвони масаълаи меҳварӣ барои кишварҳои арабӣ эълом ва аз тавофуқи Эрону Арабистон истиқбол шуд .

Нишасти Иттиҳодияи Араб рӯзи гузашта поён ёфт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, муҳимтарин иттифоқи ин нишасти ҳузури раиси ҷумҳӯри Сурия пас аз 12 сол дар Иттиҳодияи Араб буд .

Таъкид бар аҳамияти ташдиди талошҳо барои дастёбӣ ба ҳаллу фасли одилонаи масаълаи Фаластин,таъкид бар меҳварӣ будани масъалаи Фаластин барои кишварҳои арабӣ ва дар авлавият қарори доштани тарҳи ибтикори арабӣ барои ҳалли масъалаи Фаластин, ташдиди талошҳои арабӣ барои кумак ба Сурия дар ростои убӯр аз буҳрон. Зарурати фароҳам кардани шароити муносиб барои бозгашти оворагони сурӣ ба кишварашон . Таъкид бар талош барои ҳифзи тамомияти арзиву ваҳдати Сурия, мухолифат бо шаклгирии гуруҳҳову шибҳинизомиёни мусаллаҳи фароқонунӣ ва фародавлатӣ дар кишварҳои мухталифу истиқбол аз тавофуқи Эрону Арабистон барои эҳёии ҳамкориҳои аминитӣ ва иқтисодии байни ду кишвар аз муҳимтарин бандҳои баёнияи поёнии ин нишаст буд .
 

 

Барчасп