Пахши тасовири оташ задани ду низомии туркияӣ бадасти ДИИШ
(last modified Fri, 23 Dec 2016 14:03:20 GMT )
Декабр 23, 2016 19:03 Asia/Dushanbe
  • Пахши тасовири оташ задани ду низомии туркияӣ бадасти ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ тасовири оташ задани ду сарбози асиршудаи артиши Туркияро мунташир кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмаёдин, тасовире, ки ДИИШ мунташир кард, оташ задани ду сарбози туркияиро, ки дастҳову пойҳои онҳо бо занҷир баста шудааст, нишон медиҳад.

Ин ду сарбози артиши Туркия ҳудуди ду ҳафтаи пеш дар атрофи шаҳри Албоб, дар шимоли Сурия асир шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ он чиро, ки иқдоми Туркия дар қатли мусулмонон хонд, иллати оташ задани ин ду сарбози артиши ин кишвар эълом кард.

Дар пайи интишори тасовири ин ҷинояти ҷадиди ДИИШ дар шабакаҳои маҷозии иҷтимоӣ, давлати Туркия шабакаҳои Ютюб, Фейсбук ва Твиттерро дар ин кишвар филтер кард.

Интишори ин ахбор дар ҳоле аст, ки артиши Туркия ба ҳамроҳи гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки худ омӯзиш дода, дар хоки Сурия ҳузур дорад.

Туркия ҳамвора аз сӯйи маҳофили дохиливу минтақаӣ ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористии мухолифи давлати Сурия, аз ҷумла ДИИШ муттаҳам будааст.