Роҳёбии Урдун ба финали Ҷоми миллатҳо/ Урдун -2 ва Кореяи Ҷанубӣ-0: болотар аз шигифт! + видео
(last modified 2024-02-07T05:38:43+00:00 )
Феврал 07, 2024 10:38 Asia/Dushanbe

Урдун бо як пирӯзии қотеъ ва сазоворона аввалин финалисти Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 шуд.

Дар аввалин бозии ниманиҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё, тимҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Урдун дар ҳоле ба масофи ҳам рафтанд, ки бисёре аз ҳаводорон тасаввур мекарданд, ки Корея ба осонӣ аз ин бозӣ убур хоҳад кард.

Нимаи нахуст бо натиҷаи тасовӣ ба поён расид, аммо дар шурӯи нимаи дувум Ёзон ал Наъимот рӯи иштибоҳи хатти дифои Кореяи Ҷанубӣ тупро аз Мӯсо Ал Таъмарӣ гирифт ва дар мавқеияти так ба так бо як зарбаи чап голи нахустро ба самар расонд.

Бозикунони Корея, ки умедвор буданд ҳамчун бозиҳои қаблӣ битавонанд дар охирин дақоиқи мусобиқа варақро баргардонанд, даҳ дақиқаи баъд шукка шуданд. Ин бор худи Мӯсо Ал Таъмарӣ бо ҳаракати инфиродии истисноӣ тупро ба як севуми дифои Корея расонд ва бо як зарбаи фаннии диданӣ барои дувумин бор дарвозабони Кореяи Ҷанубиро таслим кард.

 

Барчасп