Март 11, 2024 20:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон бар таваққуфи ҷиноёти Исроил дар борикаи Ғазза
    Таъкиди раиси иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон бар таваққуфи ҷиноёти Исроил дар борикаи Ғазза

Раиси иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон зимни таъкид бар таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, хоҳони ҳимояти кишварҳои мухталиф аз иқдоми зиддисаҳюнистии Африқои Ҷанубӣ дар додгоҳи байналмилалии додгустари шуд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Алии Алқрадоғӣ раиси иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон бо баёни ин ки наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғаззаи собит кард, ки ғарби имруз ба ҳеҷкадом аз арзишҳои инсонии пойбанд нест аз давлатҳои кишварҳои исломӣ ва дигари кишварҳои ҷаҳон хост аз иқдоми зидди саҳюнистии Африқои Ҷанубӣ назди додгоҳи байналмилалии додгустари ҳимоят кунанд.

Раиси иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон бо ишора ба муваффақиятҳои меҳвари муқовимат гуфт: Мавзеи режими саҳюнистӣ дар ҳоли ҳозир дар шароити заъф қарор дорад ва ин заъф дар руҳияи низомиёни саҳюнистӣ қобили мушоҳида аст.

Дар пайи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 то кунун беш аз 31 ҳазор нафар шаҳид шудаанд.

Барчасп