Буҳрони рӯ ба афзоиши Исроил - маълулияти беш аз 70 ҳазор низомии артиши режими саҳюнистӣ
(last modified 2024-06-20T10:10:20+00:00 )
Июн 20, 2024 15:10 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти вахими низомиёни артиши режими Исроил
    Вазъияти вахими низомиёни артиши режими Исроил

Порстудей. Канали ҳафти телевизиони Исроил аз маълулияту нақси узви 70 ҳазор низомии артиши режими саҳюнистӣ хабар дод.

Пас аз гузашти 9 моҳ аз таҷовузи бидуни натиҷаву дастоварди Исроил ба борикаи Ғазза, Тел-Авив рӯз ба рӯз бештар дар буҳрони таъмину ҳифзи неруии низомӣ фурӯ меравад.

Ба гузориши Порстудей, ба нақл аз канали ҳафти телевизиони режими саҳюнистӣ, шумори маълулони артиши Исроил, аз ҷумла ҳашт ҳазору 663 нафар, ки пас аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри соли гузашта захмӣ шудаанд, барои аввалин бор аз 70 ҳазор нафар фаротар рафт.

Ин гузориш меафзояд, 35 дарсади мубталоёни низомиёни Исроил пас аз ҳафти октябр ба далели бемориҳои равонӣ ва 21 дарсади онҳо ба далели осебҳои ҷисмӣ, таҳти дармон ҳастанду вазорати ҷанги режими Исроил дар ҳоли омодасозӣ барои пазириши ҳудуди 20 ҳазор захмии ҷадид аз замони вуқуи ҷанг то поёни соли 2024 аст.

Дар гузориши канали ҳафти телевизиони Исроил омадааст: Моҳона беш аз як ҳазор марду зани захмии ҷадид барои дармон дар ин бахш бистарӣ мешаванд, ки бар ин асос 95 дарсади захмиҳо мард ҳастанд, ки ҳудуди 70 дарсади онҳо низомиёни захираанд.

 

Барчасп