Ҳизбуллоҳ Тел-Авивро ҳадаф қарор дод; фирори як миллион саҳюнист ба зерзамин
(last modified Thu, 26 Sep 2024 05:37:01 GMT )
Сентябр 26, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ Тел-Авивро ҳадаф қарор дод; фирори як миллион саҳюнист ба зерзамин
    Ҳизбуллоҳ Тел-Авивро ҳадаф қарор дод; фирори як миллион саҳюнист ба зерзамин

Порс Тудеӣ-радиои артиши режими саҳюнистӣ аз нахустин ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Тел-Авив хабар дод.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи Алҷазира, радиои артиши режими саҳюнистии имруз эълом кард: нахустин мушаки Ҳизбуллоҳи Лубнони тайи набарди кунуни ба Тел-Авив шиллик шуда аст .

Радиои артиши режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз фаъолшудани сомонаи мушакии фалохани Довуд барои раҳгирии мушаки болистики Ҳизбуллоҳи Лубнон ба самти Тел-Авив хабар дод .

Барасоси ин гузориш, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ҳамлаи имрузи худ ба Тел-Авив барои аввалин бор аз мушакҳои болистики дурбурд зидди аҳдофи саҳюнистӣ истифода кард .

Пойгоҳи хабарии Алмёдин низ дар гузоришӣ ба нақл аз хабарнигори худ дар ҷануби Лубнон эълом кард, мушак "қодир1" мушакӣ дурбурд аст ки барои аввалин бор дар ин ҷанг мавриди истифодаи қарор гирифта аст .

Расонаҳои ибризабон ҳам аз вуруди як миллион саҳюнист ба паноҳгоҳҳо дар Тел-Авив тайи чанд дақиқа ба далели ба садо даромадани ожирҳои хатар хабар доданд .

Расонаҳои ибризабон ҳамчунин аз ба садо даромадани ожирҳои хатар дар "Натонё", "Шарон » ва "Эъимқи ҳифр" дар шимоли Тел-Авив" хабар доданд .

Расонаҳои ибризабон ба шиллек беш аз 400 мушаки Ҳизбуллоҳи Лубнон ба самти мавозиъи режими саҳюнистӣ танҳо тайи як руз низ изъон карданд .

Бинобари ин гузоришҳои расонаи, омори мазкур бештарин теъдоди мушаки шиллекшуда аз самти Ҳизбуллоҳ аз оғози набард бо душмани саҳюнистӣ тайи яксоли гузашта буда аст.

Барчасп