Башор Асад дар дидори Ироқчӣ: Посухи мушакии Эрон дарси муҳкаме ба душман дод
(last modified Sun, 06 Oct 2024 05:15:26 GMT )
Октябр 06, 2024 10:15 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад дар дидори Ироқчӣ: Посухи мушакии Эрон дарси муҳкаме ба душман дод

Раисиҷумҳури Сурия дар дидор бо Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Посухи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистӣ нишон дод, ки меҳвари муқовимат қодир ба боздорандагии душман аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия баъд аз зуҳри рӯзи шанбе дар дидор бо Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрону ҳайати ҳамроҳ, бар равобити роҳбурдӣ миёни ду кишвар ва аҳаммияти ин робита дар муқобила бо чолишҳо ва хатароти таҳдидкунандаи минтақа ва мардуми он, таъкид кард.

Башор Асад бо ишора ба идомаи ишғоли арозии мусулмонон тавассути режими Исроил ва иртикоби ҷиноёти рӯзонаи куштору тахриб алайҳи ғайринизомиён дар Лубнон, Фаластин ва Сурия, гуфт: Муқовимат дар баробари ҳаргуна ишғол, таҷовузу куштори ҷамъӣ, як ҳаққи машрӯъ ва ин муқовимат дар сояи ҳимояту имони мардумӣ, қудратманд аст.

Вай ҳамчунин посухи талофиҷӯёнаи мушакии Эрон ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми минтақа ва ҳокимияти кишварҳоро посухе, қавӣ хонд ва ёдовар шуд: Ин ҳамла дарси муҳкаме ба режими ишғолгар дод, мабнӣ бар инки меҳвари муқовимат қодир ба боздорандагии душману ноком кардани тарҳҳои ӯст ва ҳамчунон қудратманд ва устувор хоҳад монад.

Расонаҳои Сурия низ дар бораи ин дидор гузориш доданд, ки Башор Асад ва Ироқчӣ ҳамчунин дар бораи роҳҳои мутаваққиф кардани таҷовузоти Исроил ба Лубнону ҳимоят ва кумак ба бародарони лубнонӣ дар сутӯҳи мардумӣ ва расмӣ гуфтугу ва табодули назар кардаанд.

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо Муҳаммад Ғозт Ал Ҷалолӣ, нахуствазири Сурия низ дидору гуфтугӯ кард.

Вазири умӯри хориҷаи Эрон пеш аз ин бо Басом Саббоғ, ҳамтои сурии худ дидор карда буд.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон пеш аз Сурия ба Лубнон сафар карда ва бо мақомоти лубнонӣ дар хусӯси шароити минтақа ва иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дидору  гуфтугу кард.

 

Барчасп