Зиндагиномаи шаҳид Яҳё Синвор-раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос
(last modified 2024-10-19T05:52:54+00:00 )
Октябр 19, 2024 10:52 Asia/Dushanbe
  • Зиндагиномаи шаҳид Яҳё Синвор-раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос

Яҳё Синвор-раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин(Ҳамос) рӯзи чаҳоршанбе (16 октябр 2024 )дар ҷараёни даргирӣ бо низомиёни режими саҳюнистӣ дар шаҳри Рафаҳ, дар ҷануби борикаи Ғазза ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил шуд.

Яҳё Иброҳим Синвор чанде пеш ба ҷойи шаҳид  Исмоил Ҳания ба унвони раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) таъйин шуда буд . Яҳё Иброҳим Синвор- бунёнгузори Хадамоти амнияти Њамос, бо номи «Маҷд» буд, ки режими саҳюнистӣ борҳо вайро ба террор таҳдид карда буд.

 Исмоил Ҳания-раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва яке аз муҳофизонаш бомдоди рӯзи чаҳоршанбе (31 июл) бар асари ҳамлаи террористӣ дар Теҳрон ба шаҳодат расид.

 Саҳюнистҳо Яҳё Синворро мағзи мутафаккири бисёре аз амалиётҳои комондуӣ, ба вежа амалиёти мавсум ба «бомби тоннелӣ» , ки марказҳои низомии режими саҳюнистиро дар муддати 5 сол ҳадаф қарор дод, медонистанд.

Яҳё Синвор як фармондеҳи низомии Фаластин буд, ки аз оғоз ба кори Ҷунбиш муқовимати исломии Фаластин-Ҳамос дар Ғазза, ба гурдонҳои шаҳид Изуддин Қассом, бозуи низомии Ҳамос пайваст ва яке аз раҳбарони он маҳсуб мешуд.

 Синвор ба далели нақше, ки дар амалиёти комондуӣ(чирикӣ) дошт, яке аз таҳти таъқибтарин афрод дар руйхати террори режими саҳюнистӣ маҳсуб мешуд.

 Яҳё Иброҳим Ҳасан Ассинвор, машҳур ба Абу Иброҳим-мутаваллиди 29 октябри 1962 (7 обон 1341) дар урдугоҳи паноҳндагони Хон Юнус дар борикаи Ғазза буд. Синвор аз падару модаре мутаваллид шуд, ки дар ҷанги арабҳо ва Исроил дар соли 1948 аз Асқалон овора шуда буданд. Ин урдугоҳ мамлу аз хонаводаҳои фақир буд, ки дар шароити бад зиндагӣ мекарданд ва барои хадамоти аввалия ба Ожонси имдоду кори Созмони Милали Муттаҳид (unrwa) вобаста буданд.

 Синвор дар авоили даҳаи 1980 борҳо аз сӯи режими саҳюнистӣ ба далели мушорикат дар фаъолитҳои зидди ишғолгарӣ дар Донишгоҳи исломии Ғазза дастгир шуд.

 Пас аз фориғуттаҳсилӣ, Яҳё Синвор ба эҷоди шабакҳое аз муборизон барои муқовимати мусаллаҳона алайҳи режими саҳюнистӣ кумак кард; Ин гурӯҳ баъдан ба гурдонҳои Алқассом, шохаи низомии Ҳамос, табдил шуд.

 Синвор тақрибан ба маҳзи таъсиси ин гурӯҳ аз сӯи шайх Аҳмад Ёсин-бунёнгузори Ҳамос дар соли 1987 ба унвони яке аз мақомҳои он ба Ҳамос пайваст; Соли баъд, ӯ аз сӯи нируҳои режими саҳюнистӣ дастгир шуд ва ба 4 ҳабси абад -муодили 426 сол зиндон- маҳкум шуд.

 Ин мақоми барҷастаи Ҳамос 23 солро дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ гузаронд ва дар онҷо ибриро омӯхт ва дар умури сарзаминҳои ишғолӣ ва сиёсати дохилии он ба хубӣ ошно шуд.

 Синвор дар соли 2011 ба унвони бахше аз тавофуқи мубодилаи зиндониён озод шуд.Пас аз озодӣ, Синвор ба суръат дар сафҳои Ҳамос фаъолияти дубораи худро оғоз ва пешрафт кард; Дар соли 2012 ба унвони дафтари сиёсии ин гурӯҳ интихоб шуд ва вазифаи ҳамоҳангӣ бо гурдонҳои Алқассомро бар ӯҳда гирифт.

  Яҳё Синворро соҳиби мушти оҳанин ва таҳаввулоти бузург медонанд. Синвор, ки ба унвони меъмори амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо алайҳи режими саҳюнистӣ дида мешуд, душмани шумораи як барои режими саҳюнстӣ ба шумор мерафт.

 

Барчасп