Шайхи Алазҳари Миср ки Исроил бо ӯ душман аст, кист?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121434
Порс-Тудей. Аҳмад Муҳаммад Аҳмад Тайиб, раиси донишгоҳи Алазҳари Миср, яке аз муътақидон ба асли ваҳдати уммати исломӣ ва иттиҳоди  аҳли тасаннун ва  ташайюъ аст .
(last modified 2025-08-10T06:27:31+00:00 )
Август 05, 2025 09:16 Asia/Dushanbe
  • Шайхи Алазҳари Миср ки Исроил бо ӯ душман аст, кист?
    Шайхи Алазҳари Миср ки Исроил бо ӯ душман аст, кист?

Порс-Тудей. Аҳмад Муҳаммад Аҳмад Тайиб, раиси донишгоҳи Алазҳари Миср, яке аз муътақидон ба асли ваҳдати уммати исломӣ ва иттиҳоди  аҳли тасаннун ва  ташайюъ аст .

Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар , мутаваллиди шашуми январи 1946 дар манотиқи ҷанубӣ Миср аст . Ӯ дар синни 10-солагӣ ба мактабҳои Азҳарӣ дохил шуда, таҳсили донишгоҳиро дар Алазҳар идома дод ва дар соли 1977 дар Донишгоҳи Алазҳар унвони доктори фалсафаи исломиро гирифт ва бахше аз рисолаи доктории худро дар Донишгоҳи Сорбонни Фаронса ба анҷом расонд. Ӯ пас аз даргузашти Муҳаммад Сайид Тантовӣ ба унвони 46-умин шайхи Алазҳар интихоб шуда, аз 10 марти соли 2010 дар ин мақом кор мекунад. Ӯ қаблан мақоми муфтии Мисрро бар ӯҳда доштааст.

Аҳмад Тайиб, профессори таълимоти исломӣ аст, ки ҳам  забони фаронсавӣ ва ҳам инглисиро хуб медонад, ва токунӯн чандин фарҳанги луғати фаронсавиро ба арабӣ тарҷума кардааст. Ӯ қаблан ба ҳайси профессор дар донишгоҳҳои Фаронса тадрис мекардааст. Аҳмад Тайиб аз Қина дар минтақаи Саиди Миср буда, аз хонаводаи сӯфиён аст. Донишмандони Алазҳар ӯро донишманде медонанд, ки ҳеҷ гоҳ ба баҳсҳои мавриди ихтилоф ворид нашуда ва фатвоҳои баҳсбарангез содир накардааст.

Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳари Миср

 

Андешаҳо

Вай дар аввалин мусоҳибаи худ ба унвони шайхи Алазҳари Миср изҳор дошт : Яке аз эътиқодҳои устувор ва бунёдии Алазҳар миёнаравӣ, дар миёна будан ва нигоҳ доштани ваҳдати уммати исломӣ аст. Шайх Аҳмад Тайиб, раиси Донишгоҳи Алазҳар, дар мусоҳибае бо шабакаи “Нил” дар Миср чанд сол пеш тарҳи ихтилофи  миёни шиъа ва сунниро фитнаи душманони Ислом хонда ва ин ду мазҳабро ду бол барои  дини Ислом хонда буд.

Аҳмад Тайиб борҳо алайҳи гуруҳҳои такфирй  назири ДИИШ ва Ал-Қоида мавзеи гирифта ва фатвоҳои зиёде алайҳи терроризм содир кардааст ва дар соли 2016 конфаронси байналмилалии « Ислоҳи гуфтимони динӣ »- ро дар Алазҳар баргузор кард, ки ҳадафи он муқобила бо тафсирҳои ифротӣ аз Ислом буд .  Дар соли 2019, ӯ бо Попи Франсис "Ҳуҷҷат дар бораи бародарии инсонӣ "-ро имзо кард, ки дар он ба ҳамзистии осоиштаи динҳо таъкид шудааст.

Дидори шайхи Алазҳари Миср бо Попи Франсис, раҳбари фақиди католикҳои ҷаҳон

 

Андешманди ҳомии Фаластин

Ин андешманди мисрӣ , аз ҳомиёни мардум Фаластин аст, ва дар эътироз ба ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи мардуми Ғазза дар муносибатҳои мухталиф бо судӯри баёнияҳое , ҷиноёти режимро маҳкум кардааст . Шайхи Алазҳар муътақид аст , Шурои амнияти Созмони Милал бояд кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Байтулмуқаддасро ба расмият бишносад ва аз Масҷидул-Ақсо дар баробари таҷовузоти кунунӣ муҳофизат кунад .

Аҳмад Тайиб борҳо ба ҷиноёти Исроил алайҳи мардуми Фаластин эътироз карда аст

 

Душмании саҳюнистҳо бо шайхи Алазҳар

Матбуоти саҳюнистӣ, ба хусус рӯзномаи "Маарив", ахиран дар гузорише шайхи Алазҳарро « Cари мор » дар Миср хондау хостори қатъ он шуданд . Ин рӯзнома ҳамчунин дар мусоҳибае бо Эли Дикел, афсари собиқи иттилооти Исроил ва коршиноси умури Миср, Алазҳарро як ниҳоде муаррифӣ кардааст, ки душманӣ алайҳи Исроилро дар Миср ҳидоят мекунад. Моше Аллад, аз афсарони пешини артиши режими саҳюнистӣ ва коршиноси умури Осиёи Ғарбӣ низ дар мусоҳиба бо "Маарив" гуфтааст, ки рӯҳониёни Алазҳар , ба вижа шайхи Аҳмад Тайиб, нақши аслӣ дар раҳбарии хатти зидди исроилӣ дар Миср доранд . Вай афзуд, ҳудуди 110 миллион мисрӣ ба фатвоҳои Алазҳар гӯш медиҳанд ва аз замони оғози ҷанги Ғазза дар октябри 2023 , шиддати мавозиъи динӣ алайҳи режими саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст ва Алазҳар, нақши як вазорати хориҷаи мувозӣ дар Мисрро иҷро мекунад.

Тасвирӣ аз шайхи Алазҳар дар канори шаҳид Исмоил Ҳания, раиси фақиди дафтари сиёсии Ҳамос

 

Маҳкумияти таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон аз сӯии Алазҳар

Шайхи Алазҳар дар мавриди ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ба Эрон низ мавзеъгирии зиддисаҳюнистӣ гирифт ва дар баёнияе бо маҳкӯм кардан ин ҳамалот , арбада кашии режимро боиси густариши ҷанг дар тамом минтақа донист . Дар баёнияи Аҳмад Тайиб шайхи Алазҳар омадааст, ки режими саҳюнистӣ ба дунболи эҷоди ҷанги фарогир дар минтақа аст, ки ғайр аз тоҷирони хӯн ва силоҳ , касе барандаи ин ҷанг нахоҳад буд . Шайхи Алазҳар дар ин баёнияи сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар қиболи ин ҷинояту адами  таваққуфи ин ҷиноятҳоро мушорикат бо ин ҷиноят донист ва таъкид кард, ки ин раванд ҳеҷ натиҷае ғайр аз таҳдиди амнияти тамом ҷаҳон нахоҳад дошт , чаро ки ҳаргиз ҷанг наметавонад сулҳро дар кишварҳо эҷод кунад.

Дидори шайхи Алазҳару сафири Эрон дар Олмон

 

Истиқбол аз гуфтугӯии “исломӣ – исломӣ” дар дидори шайхи Алазҳар бо сафири Эрон дар Олмон

Зикри ин нукта лозим аст, ки ин шахсияти барҷастаи мисрӣ , нисбат ба низои байни мусулмонон , ҳамвора ҳушдор додааст ва намӯнаи боризи он суҳбатҳои вай дар дидор бо  Маҳмӯд фарозанда сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Олмон аст . Аҳмад Тайиб дар ин дидор таъкид кард : Ихтилофот ва тафриқа миёни мусалмонон имрӯз ба низоъҳои ғайриисломӣ бармегардад, ки Қуръони карим аз он ҳушдор дода буд ва ин низоу даргирӣ, боъиси аз байн рафтани ваҳдати исломӣ, тафриқа миёни мусалмонон ва набуди бархӯрд ва ҳадафи ягонаи исломӣ шуд, ки бо вуҷуди ихтилофҳо метавонем ба он ( ҳадафи якпорчаи исломӣ ) руҷӯъ кунем. Ба эътиқоди ӯ, хатарноктарин чолиш барои Ислом дар замони ҳозир, чигунагии мутақоид кардани сиёсатмадорон ва тасмимгирандагон ба ин аст, ки маслиҳату манфиати исломӣ болотар аст ва бояд ҳама мусалмонон дар ин бора тавофуқ назар дошта бошанд.