Апрел 02, 2017 18:59 Asia/Dushanbe
  • Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ
    Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ

Як манбаъ дар нерӯҳои Ироқ имрӯз, якшанбе, эълом кард, нерӯҳои ин кишвар Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар Мусил муҳосира кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ин манбаи низомӣ гуфтааст, 10 рӯз пеш гурӯҳи террористии ДИИШ талош кард, шуморе аз пайравонашро бо 40 мошину чанд танк аз Сурия вориди минтақаи Талъафари Ироқ кунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, “ҳадаф аз ин талошҳо хориҷ кардани аъзои боқимондаи ДИИШ дар Мусил, ё хориҷ кардани Абубакр Бағдодӣ буд ва мо баид намедонем, ки Бағдодӣ дар он минтақа бошад”.

Як манбаъ дар артиши Ироқ пештар эълом карда буд, эҳтимолан Абубакр Бағдодӣ бар асари ҳамалоти ҳавоии марти гузаштаи эътилофи зидди ДИИШ бо раҳбарии Амрико дар минтақае байни Сурия ва Ироқ захмӣ шудааст.

 

Барчасп