Даъвати подшоҳи Арабистон аз сарони 17 кишвар барои дидор бо Трамп дар Риёз
(last modified Thu, 11 May 2017 07:32:13 GMT )
Май 11, 2017 12:32 Asia/Dushanbe
  • Даъвати подшоҳи Арабистон аз сарони 17 кишвар барои дидор бо Трамп дар Риёз

Подшоҳи Арабистон бо ирсоли даъватномаҳое ба 17 кишвари арабиву исломӣ, аз раҳбарони ин кишварҳо барои дидор бо раиси ҷумҳурии Амрико, ки қарор аст ба зудӣ ба Арабистон сафар кунад, даъват кард.

Ба гузориши ИРНА, Халифа бин Зойд, ҳокими Иморот, Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ (раиси ҷумҳурии мустаъфӣ ва фирории Яман), Ҳамд бин Исо, шоҳи Баҳрайн, Тамим бин Ҳамд, амири Қатар, Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Сабоҳ, амири Кувайт, Султон Қобус, подшоҳи Уммон, нахуствазири Бангладеш ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия аз ҷумлаи мақомоте ҳастанд, ки барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои арабӣ – исломӣ бо раиси ҷумҳурии Амрико дар Риёз аз онҳо даъват шудааст.

 Дар ҳамин ҳол расонаҳои давлатии Покистон эълом карданд, Муҳамаднавози ШариФ, нахуствазири ин кишвар қарор аст бино ба даъвати расмии Арабистон, барои ширкат дар нишасте бо унвони “Иҷлоси амрикоӣ- арабӣ-исломӣ” дар рӯзҳои оянда ба Риёз сафар кунад.

Пештар Одил Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон гуфта буд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико пас аз вуруд ба Риёз, бо подшоҳи Арабистон, сарони кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ва ҳамчунин бархе сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ дидор хоҳад кард.

Кохи сафед ҳафтаи гузашта эълом кард, ки Доналд Трамп қарор аст ба зудӣ ба Арабистон, сарзаминҳои ишғолӣ ва Италия сафар кунад.

Хабарҳо баёнгари он аст, дар сафари Трамп ба Арабистон қарордодҳои ҷадиди фурӯши миллиардҳо доллар таслеҳот ба Риёз имзо хоҳад шуд.