Дархости Бағдод аз Эрону Туркия барои масдуд кардани марзҳояшон бо Курдистони Ироқ
(last modified Sat, 07 Oct 2017 07:47:43 GMT )
Октябр 07, 2017 12:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости Бағдод аз Эрону Туркия барои масдуд кардани марзҳояшон бо  Курдистони Ироқ

Давлати марказии Ироқ аз сафоратхонаҳои Эрону Туркия дар Бағдод хост, марзҳои худро бо минтақаи Курдистони Ироқ масдуд кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати хориҷаи Ироқ ҷумъашаб дар баёнияе эълом кард, Эрону Туркияи ҳамаи мубодилоти тиҷорӣ, ба вижа дар ҳавзаи нафтро бо минтақаи Курдистони Ироқ қатъ кунанд.

Вазорати хориҷаи Ироқ дар баёнияи худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия хост, аз ин пас фақат бо давлати марказии Ироқ дар бораи марзҳо таомул дошта бошанд.

Иқдоми давлати Ироқ барои масдуд кардани марзҳои минтақаи Курдистони ин кишвар пас аз баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар иқлими Курдистони Ироқ рӯйи даст гирифта шудааст.

Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ бидуни тавваҷуҳ ба дархостҳову мухолифати давлати марказӣ дар Бағдод ва кишварҳои минтақа, ҳамапурсии ҷудоиро 25 –уми сентябри соли 2017 баргузор кард.

 

Барчасп