Номаи 250 фарҳехта ба сарони се кишвари таъминкунандаи силоҳи Арабистон барои поён додани ҷанги Яман
(last modified Sun, 24 Dec 2017 05:00:25 GMT )
Декабр 24, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Номаи 250 фарҳехта ба сарони се кишвари таъминкунандаи силоҳи Арабистон барои поён додани ҷанги Яман

250 тан аз аъзои як анҷумани бархоста аз маҳофили сиёсӣ, фарҳангӣ ва донишгоҳӣ дар номае ба Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ва Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё, (3 кишвари умдаи таъминкунандаи силоҳи Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман), аз онҳо хостанд ба ҳимоятҳои таслиҳотиашон аз Арабистон поён диҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ин нома бо унвони «ҳазор рӯзи ҷанг. Яман наметавонад дигар мунтазир бимонад. Сабри Яман тамом шудааст» , ки дар рӯзномаи “Le Monde” Фаронса ба чоп расида омадааст, Яман ҳазор рӯз аст, ки мутаҳаммили ҷанге шуда, ки ин кишварро ба марзи «бадтарин фоҷиаи инсонии ҳоли ҳозири ҷаҳон» кашондааст.

Дар ин нома бо таъкид бар инки Яман дар остонаи як қаҳтии таърихӣ аст хотирнишон шудааст, ҳар даҳ дақиқа як бор як кӯдаки яманӣ бар асари гуруснагӣ ва беморӣ мемирад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Фаронса, Бритониё ва чанд кишвари дигар аз ҷумла Иморот, аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва ҳамзамон ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман токунун ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ, мунҷар шудааст. Яман ҳамчунин бар асари ин таҷовуз бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ, доруӣ ва бемориҳои мухталиф мувоҷиҳ шудааст.

 

Барчасп