Нигоҳи танзи ироқиҳо ба нопадид шудани Хошуқҷӣ ва рафтори Оли Сауд
Нопадидан шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, фаъоли расонаии арабистонӣ дар Истамбули Туркия дастмояи нигоҳи танзомез ва тамасхуролуди ироқиҳо ба Оли Сауд шудааст.
Ба гузориши ИРНА, бо интишори хабар нопадид шудан ва марги эҳтимолии Ҷамол Хошуқҷӣ, расонаҳои ироқӣ карикатурҳои тамасхуромезе аз хории Оли Сауд дар баробари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро ба намоиш гузоштаанд, аммо баъзе аз ин карикатураҳо таваҷҷуҳи барангезтар шуда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маъракаи хабарӣ даст ба даст мешавад.
Яке аз ин карикатураҳо Трампро канори Малик Салмон ибни Абдулазиз нишон медиҳад дар ҳоле, ки раисиҷумҳури Амрико ба подшоҳи Саудӣ мегӯяд: “агар 500 миллиард доллар дигар бидиҳӣ, мегӯям, ки Хошуқҷӣ хориҷ аз консулгарии Саудӣ ба қатл расида ва агар якҳазор миллиард доллараш кунӣ, Эронро муттаҳам ба қатли Хошуқҷӣ мекунам!”
Дар ин карикатура, Малик салмон ҳам бо нигоҳи зиллатборе хитоб ба Трамп мегӯяд: «ду ҳазор миллиард доллар медаҳум номи Ҳизбуллоҳи (Лубнон) ва ҳусиҳои (Яман)ро ҳам изофа кун! »
Яке дигар аз карикатураҳо Трампро ба сурати Хонаи Каъба нишон медиҳад дар ҳоле, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ва Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, валиаҳди Абудабӣ даври ӯ тавоф мекунанд ва бонги мезананд «ал нафт лак ва ал Қудс лак, лошарик лак» (нефт моли ту ва Қудс ҳам моли ту, ҳеҷ кас дар онҳо шарикт нест!).
Қазияи нопадид шудан ё марги эҳтимоли Хошуқҷӣ ҳамчунон бахши қобили таваҷҷуҳе аз фазои расонаӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва афкори умумиро дар Ироқ ба худ машғул карда, аммо давлати Ироқ токунун аз мавзеъгирӣ дар ин қазия то равшан шудани ҳамаи абъоди он, худдорӣ кардааст.