Нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон/ “Блумберг”: Боздошти занон намоди саркӯбгарии сиёсии Бин Салмон аст
(last modified 2019-03-02T10:38:01+00:00 )
Март 02, 2019 15:38 Asia/Dushanbe
  • Нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон/ “Блумберг”: Боздошти занон намоди саркӯбгарии сиёсии Бин Салмон аст

Як расонаи ғарбӣ боздошти занон дар Арабистонро намоди барномаи саркӯбгаронаи сиёсии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ тавсиф кард.

Хабаргузории амрикоии “Блумберг” дар гузорише ба мавзӯи судури айбномаи Додситонии кулли Арабистон алайҳи фаъолони зани зиндонӣ дар ин кишвар пардохт.

Ин хабаргузорӣ навишт, боздошти занон намоди барномаи саркӯби сиёсӣ аст, ки Муҳаммад бин Салмон ба роҳ андохтааст. Бин Салмон даҳҳо нафар аз мунтақидони маҳаллӣ, азҷумлаи либералҳо ва муҳофизакорон ва шуморе аз мубаллиғон, бозаргонон ва донишгоҳиёнро боздошт кардааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, боздошти занон ва “хиёнаткор” хондани онҳо ба нухбагон дар Арабистон шок ворид кардааст.

Бинобар эъломи расонаҳои давлатии Саудӣ, дар пайи оғози мавҷи саркӯбгарӣ алайҳи ҳуқуқдонон дар Арабистон, фаъолони арабистонии мудофеи ҳуқуқи занон аз як соли пеш дар зиндон ба сар мебаранд ва қарор аст барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шаванд.

10 фаъоли зан ва мард дар моҳи майи соли 2018-и мелодӣ ва қабл аз бардошта шудани таърихи мамнуияти ронандагии занон дар моҳи июн боздошт шуданд. Аксари онҳо ба хиёнат ва зарба ба суботи кишвар муттаҳам шуданд, аммо бархе аз онҳо баъдан озод шуданд.

Хабаргузории давлатии Арабистон ба нақл аз баёнияи кӯтоҳи Додситонии кулли ин кишвар эълом кард, кори таҳқиқот аз муттаҳамон поён ёфта ва таҳияи айбнома алайҳи онҳо омода шудааст ва додситонӣ дар садади ирҷои онҳо ба додгоҳҳои зирабт аст.

Додситонии кулли Арабистон ба номҳои муттаҳамон ё таърихи оғози муҳокимаи онҳо ишорае накардааст.

 

Барчасп