Апрел 11, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Амрико худи терроризм аст

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дирӯз, 10-уми апрел тайи суханронӣ дар Бейрут, зимни дифоъ аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Амрикоро "худи терроризм" номид.

Иқдоми хасмонаи душанбеи гузашта (8-уми апрел)-и Доналд Трамп алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо вокунишҳои густурдаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд, аммо суханони рӯзи гузаштаи дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон сирфан моҳияти дифоъ аз Сипоҳи посдоронро надошта, балки ошкорсозии ваҷҳи террористии чеҳраи Амрико низ буд.

Дар ҷиҳати ошкорсозии ваҷҳи террористии чеҳраи Амрико, Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба ду масъалаи муҳим ишора мекунад. Аввал ин, ки Амрико ҳам ҳомии терроризм ва ҳам худи терроризм аст. Ба унвон, Амрико гурӯҳҳои террористиро ё эҷод ва ё аз онҳо ҳимоят мекунад ва дар айни ҳол, худи Амрико низ иқдоми террористӣ анҷом медиҳад, ки Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин хусус куштори Херасимаро шохистарин мисол зикр мекунад.Халабони амрикоӣ дар соли 1945 бомбаи атомии 4,5 тоннаиро бар сари мардуми Херасима фурӯ рехт ва кушторе ба роҳ андохт, ки ҳанӯз шумори куштаҳои он номаълум аст. Дарвоқеъ, аз диди дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон  чунин кишваре на метавонад кишвар ё созмонеро ҳомии терроризм муаррифӣ кунад ва на метавонад асосан феҳристи террористӣ дошта бошад.

Дуввум ин, ки Амрико давлате аст, ки аз иқдомҳо ва жиноятҳои террористии режимҳои террористии пурзӯр, назири режими Исроил ҳимоят мекунад ва ба хотири таъмини манофеи ин режимҳо, кишварҳо ва ҳатто созмонҳои давлатии кишвари дигарро террористӣ муаррифӣ мекунад.

Дарвоқеъ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ бар ин бовар аст, ки Трамп бо ҳадафи дифоъ аз Исроил Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро террористӣ муаррифӣ кардааст. Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ин хусус гуфт: Амрико ба хотири манофеи режими саҳюнистӣ ҳуқуқи ҳамаи уммати исломиро нодида мегирад ва тамомии тасҳилотро дар ихтиёраш мегузорад ва дар муқобил мудофеон аз хок ва муқаддасот ва обрӯро терроризм мехонад. 

Вай афзуд: Амрико ба манзури бақои режими ишғолгари террорист, ҳамаи уммати исломро ба зиллат ва хорӣ мекашонад ва муқовимат ва нерӯҳои муқовимро террроризм мехонад.

Дар ҷиҳати дифоӣ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ зимни дифоъ аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ин нерӯро "як ниҳоди ҷиҳодӣ ва азим" номид ва рафтори  Амрико бо Сипоҳро "авҷи вақоҳат" хонд. 

Дарвоқеъ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ ба ин мавзӯъ ишора дорад, ки Сипоҳ дар мубориза бо терроризм нақше пурранг ва барҷаста дошта ва танҳо як шахс ва давлати вақеҳ метавонад чунин ниҳодеро террористӣ эълон кунад.

Нуктаи дигар ин аст, ки Сайид Ҳасан Насруллоҳ бар ин бовар аст, ки иллати иқдоми хасмонаи Трамп зидди Сипоҳи посдорон, марбут ба ҷойгоҳ ва нақшофаринии минтақавии он аст. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин хусус гуфт: Сипоҳ имрӯз қавитар аз замони дигар ва дорои як ҷойгоҳи меҳварӣ дар минтақа аст ва ҳамин масъала мӯҷиби ҳароси амрикоиҳо шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъият Сайид Ҳасан Насруллоҳ ба нуктаи калидӣ ишора кард ва иқдоми Трамп алайҳи Сипоҳро "гоми табиӣ аз шайтони бузург" номид.

Нуктаи калидии изҳороти Сайид Ҳасан Насруллоҳ ин буд, ки миёни иқдоми Трамп дар террористӣ хондани Сипоҳ ва иқдомҳои дигари он аз ҷумла вогузории Голан ва Қудс ба Исроил пайванде вуҷуд дорад ва ҳадафи Амрико  "терроризми Ховари Миёна ба равиши ҷадид" аст.

Нуктаи поёнии суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ, навъе ҳушдор ба Амрико ва камасар нишон додани иқдомҳои хасмонаи Трамп буд.

 

 

Барчасп