Шиллики мушаки "Қосим"-и артиши Яман ба мавозеи низомиёни Саудӣ дар Наҷрон
(last modified Tue, 27 Aug 2019 13:12:09 GMT )
Август 27, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Шиллики мушаки

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо як мушаки боллистикии ҷадид аз навъи "Қосим" мавозеи низомиёни Саудиро дар Наҷрон, ҷануби Арабистон ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман рӯзи сешанбе гуфт, мушаки бумӣ ва ҷадиди "Қосим", ки ба тозагӣ амалиётӣ шуд, бо диққат ба мавозеи душман дар Наҷрон исобат кард ва бар асари он шуморе аз низомиёни Саудӣ кушта ва захмӣ шуданд. Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳамчунин мавозеи муздурони Саудӣ дар ҷабҳаи Алқонияи вилояти Албизоъ ва минтақаи Аззиҳраи вилояти Алҷуф, шимоли Яманро ҳадаф қарор дод, ки бар асари он шумори зиёде аз мутаҷовизон кушта ва захмӣ шуданд.

Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш аз марти соли 2015 ва гузашти беш аз чаҳор соли куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман ба далели муқовимати мардуми ин кишвар натавонистанд ба аҳдофи худ дар Яман бирасанд.