Баёнияи уламои Баҳрайн дар ҳимоят аз Шайх Қосим
(last modified Mon, 26 Sep 2016 14:00:45 GMT )
Сентябр 26, 2016 19:00 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи уламои Баҳрайн дар ҳимоят аз Шайх Қосим

Уламои Баҳрайн дар садумин рӯзи таҳассуни шаҳрвандони ин кишвар муқобили манзили рӯҳонии аршади шиаи ин кишвар, баёнияе содир карданд.

Дар баёнияи уламои баҳрайнӣ аз тамоми ширкаткунандагон дар таҳассуни ҳимоят аз Шайх Исо Қосим хостанд, ба ин гомҳои эътирозӣ идома диҳанд.

Уламои баҳрайнӣ ҳимояти мардумӣ аз Шайх Исо Қосимро истодагии мардуми ин кишвар дар баробари сиёсатҳои золимонаи режими Оли Халифа донистанд ва дар бораи таъсиргузории ин иқдомҳо бар сиёсатҳои ҷунуномези режими ҳоким ибрози итминон карданд.

Режими Баҳрайн, июни 2016 тобеияти шайх Исо Қосим, рӯҳонии шиаи ин кишварро салб кард, ки ин иқдом вокунишҳои тундеро дар байни шиёни Баҳрайн ва ҷаҳон барангехт. Баҳрайн аз феврали 2011 саҳнаи эътирозоти мусоламатомез зидди режими Оли Халифа аст.