Ҳузур дар намоишгоҳи Дубай;ҳилаи режими саҳюнистӣ барои одисозии равобит бо ҷомеаҳои арабӣ
(last modified Mon, 16 Dec 2019 08:01:05 GMT )
Декабр 16, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳузур дар намоишгоҳи Дубай;ҳилаи режими саҳюнистӣ барои одисозии равобит бо ҷомеаҳои арабӣ

Режими саҳюнистӣ умедвор аст бо ҳузур дар намоишгоҳи Дубай 2020 битавонад дар роҳи одисозии равобит бо кишварҳои арабӣ гом бардорад.

Ба нақл ИКНО, соли оянда бузургтарин намоишгоҳи тиҷории ҷаҳон дар Дубай бо унвони The Dubai Expo 2020 баргузор мешавад ва режими саҳюнистӣ худро барои ҳузур дар ин намоишгоҳ ва одисозии равобит бо давлатҳои арабӣ омода мекунад.

Ал-Азир Куҳен намояндаи Вазорати умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар ин намоишгоҳ, ки муассисаи фаронсавии Bureau International des Expositions онро баргузор мекунад мегуяд, аз назари мо арзиши афзуда дар боздикунандагони мусулмон ва араб (аз ғурфаи Исроил) аст.

Девид Нафо тарроҳи ғурфаи режими саҳюнистӣ дар намоишгоҳ мегуяд, ин намоишгоҳ фурсати мунҳасир ба фарде барои мулоқоти ду фарҳанги арабӣ ва исроилӣ аст.

Мақомоти режими саҳюнистӣ саъй кардаанд дар тарроҳии ин ғурфа худро бахше аз минтақаи Ховари Миёна нишон диҳанд барои ҳамин ғурфаи онҳо дар фазое срабоз ва бидуни девор тарроҳӣ шудааст.

 

Барчасп