Истиқболи Иттиҳодияи араб аз тасмими Девони байналмиллалии кайфарӣ барои таҳқиқ дар бораи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ
(last modified Sun, 22 Dec 2019 08:12:14 GMT )
Декабр 22, 2019 13:12 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Иттиҳодияи араб аз тасмими Девони байналмиллалии кайфарӣ барои таҳқиқ дар бораи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ

Иттиҳодияи араб аз тасмими Девони байналмиллалии кайфарӣ барои анҷоми таҳқиқот дар заминаи ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо истиқбол кард.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Саид Абуалӣ муовини Дабири кулли Иттиҳодияи араб дар умури Фаластин ин тасмимро гоме муҳим тавсиф кард, ки мунъакискунандаи иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои бозхост аз режими саҳюнистӣ аст.

Ташкилоти худгардон, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос ва Созмони озодибхши Фаластин СОФ низ рӯзи ҷумъа бо истиқбол аз тасмими Додситони кулли Девони байналмиллалии кайфарӣ барои таҳқиқот дар заминаи ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ онро пайёме умедбахш барои миллати Фаластин арзёбӣ карданд.

Фато Бинсавдо Додситони кулли Девони байналмиллалии кайфарӣ рӯзи ҷумъа аз қасди ин девон барои таҳқиқ дар мавриди ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарии руди Урдун хабар дод.

Режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир бо ҳимояти Кохи Сафед ҷиноятҳои густардаеро дар сарзаминҳои ишғолӣ муртакиб шудааст.

Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза то кунун ҳазорон фаластинӣ шаҳид ё захмӣ шудаанд.

Барчасп