Фирори Амрико аз пойгоҳҳои Киркук ва Алқаёра ба баҳонаи коронавирус
(last modified Sun, 22 Mar 2020 13:06:31 GMT )
Март 22, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Фирори Амрико аз пойгоҳҳои Киркук ва Алқаёра ба баҳонаи коронавирус

Амирко ба баҳонаи коронавирус, аз пойгоҳҳои Киркук ва Алқаёра фирор мекунад.

Як мақоми олирутбаи Ироқ аз қасди амрикоиҳо барои тахлияи пойгоҳҳои худ дар Киркук ва Алқаёра, пас аз пойгоҳи Алқоим ба баҳонаи хурӯҷи коронавирус хабар дод.

Ба нақл аз ИСНА, ин манбаъ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Алахбори чопи Лубнон таъкид кард, ки амрикоиҳо пас аз тахлияи пойгоҳи Алқоим дар марзҳои Ироқ бо Сурия, ки ҳамзамон бо оғози амалиёти бозпасгирии Алқоими Ироқ ва Албоғузи Сурия дар охирҳои соли 2017 эҳдос шуд, ин бор қасд доранд, пойгоҳҳои K-1 дар устони Киркук ва Алқаёраро дар устони Найнаво? воқеъ дар шимоли Ироқ тахлия кунанд.

Ин манбаъ тасмими Амрико барои тахлияи пойгоҳҳои ёдшударо гоме мусбат ба сӯи иҷрои тасмими Парлумони Иролқ дар 5 январи гузашта, дар бораи хурӯҷи гурӯҳҳои низомии мухталифи хориҷӣ аз Ироқ тавсиф кард.