Май 22, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти дубораи Туркия аз Фаластин

Туркия бори дигар бар мухолифати худ бо иқдоми режими саҳюнистӣ дар пайвастани бахшҳое аз Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба манотиқи ишғолшудаи мавсум ба “Исроил” таъкид кард.

Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонӣ бо Риёз Ал-Молики, ҳамтои фаластинии худ гуфт: Туркия барои шикасти тарҳи саҳюнистии илҳоқ дар канори давлати Фаластин аст.

Вазирони хориҷаи Туркия ва Фаластин ҳамчунин нишасти фавқуллодаи вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ барои эъломи мухолифат бо тарҳи илҳоқи бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба Исроил ва ҳимояти комил аз мавзеи Фаластинро хостор шуданд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ чаҳоршанбешаб дар тамоси телефонӣ бо Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, бар ҳимояти Анкара аз масъалаи Фаластин ва баргузории Конфронси байналмилалии Сулҳ барои гуфтугӯ дар хусуси мавзӯи илҳоқ ё пайвастан таъкид кард.

Мақомоти режими саҳюнистӣ ахиран тавофуқ карданд, тарҳи илҳоқ ё пайвастани бахшҳое аз Каронаи бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолиро дар моҳи июл амалӣ кунанд. Баровардҳо шаҳодат медиҳад, ки ин тарҳ беш аз 30 дарсад аз масоҳати Каронаи бохтариро шомил хоҳад шуд.

 

Барчасп