Замзамаҳои бекор кардани маросими "Ҳаҷ-2020" шунида мешавад
(last modified Sun, 14 Jun 2020 04:38:26 GMT )
Июн 14, 2020 09:38 Asia/Dushanbe
  • Замзамаҳои бекор кардани маросими

Бо гузаштани шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Арабистон аз марзи 123 ҳазор нафар, гумоназаниҳо дар мавриди бекор кардани маросими ҳаҷи имсол шиддат гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси тозатарин гузориши Вазорати беҳдошти Арабистони саудӣ, рӯзи шанбе тести се ҳазору 366 тани дигар аз шаҳрвандони ин кишвар мусбат эълом шуд то маҷмӯи мубталоён дар ин кишвар ба 123 ҳазору 308 нафар бирасад.

Дар ин муддат 30 нафар низ ба шумори фавтидагони КОВИД-19 изофа шуд то шумори куллии ин афрод ба 932 нафар бирасад.

Бар асоси ин гузориш, рӯзномаи англисии "Financial Times"-и Англис пештар ба нақл аз як масъул дар Вазорати ҳаҷу умраи саудӣ эълом карда буд, ки Арабистон дар андешаи бекор кардани  маросими ҳаҷи соли 2020 аст.

Дар гузорише, ки Аҳмад Ал-Имрон- хабарнигори ин нашрия дар Риёз мунташир кард, омадааст, ки давлати саудӣ нахустин бор аз замони таъсиси ин подшоҳӣ дар соли 1932 дар пайи он аст, ки бузургтарин таҷаммӯи мусулмононро бо ҳудуди  ду миллион ширкаткунанда бекор кунад.

Пас аз он ки Жопон тасмим гирифт олемпии тобистонаро, ки қарор буд, тобистони имсол дар ин кишвар баргузор шавад ба хотири паёмадҳои бархоста аз шуйюи корона ба таъхир бияндозад, Арабистон низ зери фишори шадид барои бекор кардани маросими ҳаҷи имсол қарор гирифт.

Замзамаи бекор кардани маросими ҳаҷ дар ҳоле ба гӯш мерасад, ки Арабистон солона 12 миллиард доллар аз ҳаҷу умра даромад дорад ва ин кишвар барномарезӣ карда буд теъдоди гардишгарони мазҳабиро то поёни соли 2020, ба солона 15 миллион нафар афзоиш диҳад.

 

Барчасп